ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Кормандони милитсия писарбачаи 17 - соларо дастгир намуданд, ки дар куштори ҳамсоли худ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 2-юми апрели соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа дар кӯчаи Т. Мирхолиқови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар задааст.
Манбаъ меафзояд, хонандаи синфи 11-уми яке аз Гимназияҳои шаҳри Хуҷанд, дар заминаи хусумати шахсӣ, писарбачаи 18-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 11-умро ба кӯчаи Т.Мирхолиқови ноҳияи Б.Ғафуров даъват карда, бо корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва ба дигар узвҳои бадани охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Куштор дар қаҳвахонаи "Сабрина": сокини пойтахт марди 57 соларо то мурдан кӯфт
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати ноболиғи номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.