ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бино ба иттилои Федератсия футболи Тоҷикистон, бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Душанбе-83”-и Душанбе ва “Истиқлол”-и Душанбе 8 апрел соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бозии мазкур бидуни иштироки мухлисон сурат мегирад.
Вохӯрии дастаҳои футболи “Душанбе-83” ва “Истиқлол” мебоист дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор шавад, вале бо маслиҳати дастаҳо бозии мазкур дар Душанбе доир мегардад.
Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ аз 5 апрел оғоз гардида буд, ки дар он дастаҳои “Локомотив-Помир”-и Душанбе ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ, “Хатлон”-и Бохтар - “Истаравшан”-и Истаравшан “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода миёни ҳам рақобат карданд.
Ҳамакнун ду бозии даври аввал дар ин марҳила миёни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва КМВА, “Душанбе-83”- “Истиқлол” боқӣ монд, ки фардо доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ахиран дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пирӯз шуда, маротибаи нуҳум ин ҷоизаро ба даст овард.