ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт, ҳамин тавр дастаи “Истиқлол” соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин бозӣ дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе тавонист тавассути зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ғалабаро таъмин намояд.
Дар ҳайати дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд легионери ӯзбекистонӣ Санҷар Ризхибоев голро ба ҳадаф расонид.
Дар ин бозӣ ҳамлагари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингар дониста шуд.
Бозии мазкур байни ин дастаҳо 4 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бе ҳузури мухлисон доир гардида, дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе маротибаи нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи "Истиқлол"-и Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.