ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Хушвахт Ҳасанов, намояндаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ростои сарусадоҳои ахир ин нуктаро зимни як мусоҳиба бо “Ховар” изҳор доштааст.
Ба гуфти ӯ пинҳон намудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 ба ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳеҷ манфиате надорад ва ҳеҷ зарурат ба пинҳон намудани ин беморӣ нест.
Ӯ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба ҳар гуна гапҳои беасос бовар накунанд, зеро тарсу ҳарос яке аз омилҳои мубтало гардидан ба дигар бемориҳо мебошад.
Номбурда гуфтааст, як омили асосии то имрӯз дар ҳудуди давлати мо ҷой надоштани ҳодисаҳои сирояти ин вирус- ин дар доираи амалисозии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кормандону мутахассисони соҳа роҳандозии чорабиниҳои асоснок мебошад.
“Махсусан аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории мазкур дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил намудани дидбонгоҳи назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва то имрӯз ба давраҳои карантинӣ фаро гирифтани шахсоне, ки аз минтақаҳои паҳнгаштаи бемории коронавируси COVID-19 ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид мешаванд, мебошад”,- гуфтааст Ҳасанов.
Ин масъули Вазорати тандурустӣ дар бораи нишонаҳои бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 гуфт, ба бемории зукоми мавсимӣ шабоҳати наздик дошта, давомнокии давраи беморӣ дар COVID-19 аз 2 то 6 ҳафтаро дар бар гирифта, дар 20 фисади мавридҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ таъсираш ба системаи муҳофизатии бадан ва системаи роҳи нафасу шуш сахттар мебошад.
“Аз ҷамлаи нишонаҳояш — ин дар 90 дар сади ҳолатҳо баландии ҳарорати бадан баробар ба 38-390 С, дар 80 фисади ҳолатҳо сулфаи хушк, дар 20 фоизи ҳолатҳо вазнинӣ дар қафаси сина, дар 15 дар сади ҳолатҳо нафастангӣ инчунин, дар баъзе мавридҳо паст гардидани ҳарорати бадан, дарди сар, шикамравӣ, таппиши баланди дил мушоҳида мешаванд”,-афзудааст Хушвахт Ҳасанов.