Дар Русия навзодеро ба хотири коронавирус Ковид номгузорӣ кардаанд

CC0 / Pixabay / Новорожденный, архивное фото
Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи волидони кӯдаки навзод, номи Ковид аслист, зебо садо медиҳад ва нерӯи махсус дораду қавӣ ва аслист

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Як ҷуфти оиладор аз Новокузнетски Русия писари навзодашонро бо номи Ковид ба ифтихори коронавирус номгузорӣ кардаанд.

Бригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди маризони коронавирус дар Русия ба 5,4 ҳазор нафар наздик шуд

Тибқи иттилои расонаҳо, волидони ҷавон мутмаинанд, ки номи ғайриоддӣ ба кӯдак муваффақиятҳои хуб меорад.

Волидони Ковид ба рӯзноманигорон гуфтаанд, писарашон беназир хоҳад буд,  чун қаблан ҳеҷ кас чунин ном надошт ва ба фикри онҳо, ном зебо садо медиҳад ва нерӯи махсус дорад.

"Номи ҳайратангез, қавӣ ва аслӣ аст. Ин Ваня, Саня, Толя ё Коля нест. Шумо касеро иштибоҳ намегиред",- гуфтааст падари Ковид ба расонаҳо.

Ба гуфти волидон, кӯдак аллакай қувват ва хислати худро нишон медиҳад, хусусан вақте бедор мешавад, фарёд мезанад.

Тибқи иттилои Хадамоти федералии андози Русия, маъруфтарин номҳои навзодон дар соли 2019 инҳоянд: Артем, Александр, Михаил, Максим ва Иван. Номҳои духтарона бошанд- София, Виктория, Анна, Мария ва Алиса.

Лентаи хабарҳо
0