Теъдоди маризони коронавирус дар Русия ба 5,4 ҳазор нафар наздик шуд

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкБригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке
Бригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари коронавируси навъи COVID-19 то имрӯз 5 апрел дар Русия 45 нафар фавтиданд, хабар дод Ситоди фаврӣ

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия 658 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор карда шуд. Мубталоёни нави коронавирус дар 14 минтақаи Русия ба қайд гирифта шуданд, хабар дод Ситоди фаврӣ.

Нацгвардия и сотрудники МВД приступили к дезинфекции улиц Ташкента из-за коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 46 мариз аз Русия омадаанд

Бар асоси омори охир ба ҳолати 5 апрел теъдоди маризони коронавирус дар Русия 5 ҳазору 389 нафар дар 79 минтақаи кишварро ташкил медиҳад. Аз ин вирус 45 нафар фавтида, 355 нафар шифо ёфтаанд.

Аксари ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус дар Маскав сабт шудаанд, ки 536 нафар, аз ҷумла 19 кӯдакро ташкил медиҳанд.

Дар вилояти Маскав 45 мариз, вилояти Нижегород 22 ва Санкт-Петербург 20 маризи нави коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Теъдоди умумии гирифторони COVID - 19 дар шаҳри Маскав то 5 апрел 3893 нафар мебошад.

"Дар Маскав хавфи бештари гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд дорад, чун аксари мардум аз хориҷа тариқи Маскав ворид шуданд, ба ин далел шумораи гирифторон беҳад зиёд аст", - гуфт Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".

Лентаи хабарҳо
0