ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буд, он ба 457 нафар расидааст, ки 115 адад дар як шабонарӯз афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии ин кишвар иттилоъ додаст. Тибқи омори ин ниҳод, шумори гирифторони ин беморӣ рӯзи 5 апрел ба 342 нафар баробар буд.
Қаблан ин ниҳод маълумоти муфассалро дар бораи ҳолати беморон интишор карда, гуфт, дар 31 бемор нишонаҳои илтиҳоби шуш (пневмония) ба назар расида, вазъи нӯҳ нафар аз онҳо нисбатан вазнин ва ҳолати ду нафар вазнин арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, то кунун 30 нафар аз гирифторони беморӣ шифо ёфтаанд.
Қурбониёни коронавирус дар ин кишвар ба чор нафар расид, ки ду нафар дар дохил ва ду нафар дар хориҷи кишвар фавтиданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳоло беш аз 100 ҳазор нафар дар қарантин буда, зиёда аз 23 ҳазор дар беморхонаҳо қарор доранд.
Мақомоти ин кишвар аз шаҳрвандон даъват ба амал овардааст, ки бе зарурат ба берун набароянд, қоидаҳои беҳдоштӣ, талаботи зарурии худҷудоиро риоя кунанд, зеро бо ҳамин роҳ метавон кӯмак кард, то кишвар бар пандемия тезтар ғолиб шавад.
Ёдовар мешавем, нахустин нишонаҳои коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март аз як шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса бармегашт дарёфт гардид.
Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 46 мариз аз Русия омадаанд
Мақомоти Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тамоми чораҳоро меандешад. Ахиран Прокуратураи генералии ин кишвар аз шаҳрвандон хоҳиш кард ба ҳар нафаре, ки дидор мекунанд, номашро нависанд, зеро ба гуфти онҳо чунин кор кӯмак мекунад нафарони мубталои ин бемориро тезтар пайдо кунанд.