ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон дар давоми шабонарӯзи гузашта боз панҷ бемори дигар шифо ёфт, хабар медиҳад, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Бино ба гузориши охир то рӯзи 5 апрел дар Ӯзбекистон 30 нафар аз маризии коронавируси навъи COVID - 19 сиҳат шуд.
"Шабонарӯзи гузашта аз маризии коронавирус боз панҷ бемори дигар шифо ёфт ва ҳамакнун шумораи умуми сиҳатшудагон ба 30 нафар расид", - қайд мекунад манбаъ.
Пештар ин ниҳод хабар дод, ки то рӯзи 5 апрел дар кишвар 298 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки 102 нафарашон аз хориҷа баргаштаанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, аз ҷумла 46 мутбалои коронавирус аз Русия, 45 нафар аз Туркия, 5 мариз аз Британияи Кабир, ду нафарӣ аз Фаронсаю Имороти Араб ва якнафарӣ аз Арабистони Саудию Швейтсария омадаанд.
Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 46 мариз аз Русия омадаанд
Ба далели афзоиши босуръати мубталоёни коронавирус мақомоти Ӯзбекистон аз 6 апрели соли равон дар Тошканду шаҳрҳои марказии дигар низоми ҳатмии худинзивоъро ҷорӣ мекунанд.