Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

© SputnikБрифинг по коронавирусу в г. Худжанд
Брифинг по коронавирусу в г. Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо баргузории ҷаласаи хабарӣ вазъ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро шаҳр дода, тасдиқ намуд, ки бемории коронавирус дар ин минтақа ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 6-апр Sputnik. Ин ниҳод таъйид кард, ки Ҳабибулло Шодиев сокини 60-солаи ин ноҳия бар асари хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмания) дар бемористон фавтидааст.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд таъкид намуд, ки ба думболи фавти ин сокини 60-сола, 13 корманд ба ҳисоби Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, барои қарантинкунӣ ба бемористони сироятии Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд ва зимнан вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

"Ба хотири пешгирӣ аз паҳни эҳтимолии бемории коронавирус аз ҳар кадоми онҳо таҳлилҳо гирифта шуданд. Аз ҷавоби таҳлилҳои гирифташуда бармеояд, ки дар бадани ҳеҷ кадоме аз онҳо вируси корона ё COVID-19 вуҷуд надорад ва ҳамаи таҳлилҳо манфӣ мебошанд", - таъкид намуд Ҳоҷибоев.

Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфт, қарантинкунии 13 корманди беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хотири шубҳа аз сирояти коронавирус набуда, балки барои муолиҷа аз бемории зукоми мавсимӣ аст, ки дар ин шабу рӯз, сокинон ҳангоми гаштугузор дар роҳу кӯчаҳо бештар ба он сироят меёбанд.

Алишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы - Sputnik Тоҷикистон
“Ташхис маълум нест”: суҳбат бо пизишке, ки гумон меравад, мубталои “коронавирус” шудааст

"Тибқи барномаи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сокинонеро, ки бо орезаҳои бемории зуком муроҷиат мекунанд барои муолиҷа ба карантинкунӣ ҷалб менамоем. Дар ин ҳолат онҳо ҳам дуруст табобат мегиранд ва ҳам муҷиби паҳни бемории зуком ба дигар афрод намегарданд",-гуфт Ҳоҷибоев.

Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад

Номбурда гуфт, ҳоло 1133 нафар ба далели бемории зуком ба ҳисоби онҳое, ки аз кишварҳои хориҷа баргаштаанд дар карантин дар муассисаҳои тандурустии Суғд қарор доранд.

То рӯзи 6-уми апрел, 1547 нафар бинобар поён ёфтани замони карантинӣ рухсат шудаанд. Раёсати тандурустӣ мегӯяд, дарёфти бемории коронавирус дар ҳоле тасдиқ мешавад, ки агар манбаи паҳни он собит шавад.

Маъруф Ҳоҷибоев: ҳолати шахсони бистаришуда дар бемористони Ҷаббор Расулов қаноатбахш аст

"Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ манбаи бози паҳнкунандаи COVID-19 дар Суғд вуҷуд надорад", - иброз намуд Маъруф Ҳоҷибоев.

Лентаи хабарҳо
0