“Ташхис маълум нест”: суҳбат бо пизишке, ки гумон меравад, мубталои “коронавирус” шудааст

© © из личного архива Алишера АбдукаримоваАлишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы
Алишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи фавти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 пизишки беморхонаи марказии ин ноҳия ба гумони ибтило ба “вируси тоҷдор” ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки вазъи сиҳатии онҳо , бахусус, яке аз онҳо – Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов вазнин аст. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо мавсуф тамос гирифт ва ҷузъиёти ҳодисаро пурсид. Мавсуф дар бораи вазъи саломатии худу ҳамроҳонаш гуфт:

 

© © из личного архива Алишера АбдукаримоваАлишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы
“Ташхис маълум нест”: суҳбат бо пизишке, ки гумон меравад, мубталои “коронавирус” шудааст - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы

Абдукаримов: Ягон гап нест. Ман сиҳату саломатам. Ҳамин ҷо дар шӯъбаи терапияи шифохонаи шаҳри Хуҷанд дар қарантина қарор дорам. Таҳлилҳоямонро гирифтаанд. Гуфтанд, ки соати 10 маълум мешавад. Мунтазирем. Рости гап, ягон тасф надорам, ягон аломати дигар ҳам нест. Дигарон ҳам инчунин. Шахсан ҳатто ягон дору ҳам нахӯрдаам. Аз воҳима ҳам таби одам баланд мешавад.

SputnikТоҷикистон: Кадом воҳима?

Абдукаримов: Ин ки дар берун расонаҳо дар бораи ман навиштаанд. Наздикон, ёру дӯстон, фарзандонам занг мезананд, рӯзноманигорон тамос мегиранд.

Sputnik Тоҷикистон: Ягон диагноз ба Шумо намондаанд?

Абдукаримов: Не, фақат ба хотири тафтишот хобидаем. Таҳлилҳоро гирифтаанд, агар манфӣ баромад, ҷавоб медиҳанд хона меравем.

Женщина на больничной койке в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Маъруф Ҳоҷибоев: ҳолати шахсони бистаришуда дар бемористони Ҷаббор Расулов қаноатбахш аст

Sputnik Тоҷикистон: Ҳамон одаме, ки мариз шуда, фавтидааст, киву чикора буд ва чӣ маризӣ дошт?

Абдукаримов: Он кас як деҳқони оддии 59 - сола буда, дар қишлоқи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ҷамоати деҳоти “Ҳаёти нав” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекард. Ҳангоми кор дар саҳро, чун мавсими кишту кору дигар масруфиятҳои деҳқонӣ аст, оби сард нӯшидаанд. Пас аз ин сар мешавад. Санаи 21 ё 22 беморӣ авҷ мегирад. Фикр мекунад, зукоми оддӣ аст ва бо табобат дар хона машғул шудааст. Аммо баъдтар вақте маризӣ авҷ гирифта, ба узвҳои роҳи нафас мегузарад, ба пневмония мубтало мешавад. Шушаш шамол мехӯрад. Ҳамин тавр, ҷойҳои дард фасод мегиранд. Ҳарду тарафи шуш шамол мехӯрад, яъне аз ду тараф пневмония мешавад. Ин як ҳолат ё мавриди хеле нодир аст. Мо ҳамин гуна ташхис додем.

Sputnik Тоҷикистон: Оё ба Қирғизистон рафта, ё тамосҳое бо афроди дигари машкук доштааст?

Абдукаримов: Бале, ҳатман ки пурсидем. Он кас умуман ба Қирғизистон нарафтааст ва бо ягон маризи дигар тамос надоштааст. Аммо чун ду тарафи шушаш шамол хӯрда буд, бо Хадамоти беҳдоштиву эпидемиологӣ ба ин натиҷа расидем, ки таҳлилҳои ӯро барои ташхис ба Душанбе фиристем, ба хотири ин, ки боз “вируси тоҷдор” надошта бошад. Душанбе посух дод, ки таҳлилҳояш манфӣ аст, яъне ҳеҷ асаре аз вирус нест. Аммо он кас, ки 28 бистарӣ шуда буданд, 1 апрел дар шӯъбаи эҳё вафот карданд.

Sputnik Тоҷикистон: Ин қарантину интиқоли шумо ба Хуҷанд чӣ тавр иттифоқ афтод?

Дезинфекция больницы  - Sputnik Тоҷикистон
“Вирус нест”: “қарантини мардумӣ” дар Ҷаббор Расулов

 Абдукаримов: Аз вафоти он кас се – чор рӯз гузашта буд. Як корманди мо, ки бо он кас тамос дошт ва он касро табобат мекард, шикоят аз дарди гулӯ, якеи дигар аз дарди сар кард. Худи ман ҳам, ки он касро муоина карда будам, тасф кардам ва ҳароратам баланд шуд. Дар умум 11 нафаре, ки бо он бемор тамос доштем, ҳамин гуна аломатҳоро нишон доданд. Мо ба раҳбарияти шифохона муроҷиат кардем, ки пас аз ҳамон маврид ҳамин ҳодисаҳо ҷараён доранд, чӣ кор кунем? Тасмим бар ин шуд, ки моро ба Хуҷанд интиқол диҳанд. Аз ҳамаи мо ташхис гирифтанд ва гуфтанд, ки то маълум шудани натиҷаҳо бояд дар қарантина бошем.

Sputnik Тоҷикистон: Аҳли оилаи марҳумро низ таҳти қарантина гирифтанд?

Абдукаримов: Бале, аъзои оилаи он кас дар табобатгоҳи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти қарантина қарор доранд. P.S. Дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ташхиси 11 пизишк аз ноҳияи Ҷаббор Расулов то як – ду соати дигар маълум хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0