ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар суҳбати Раҳмон ва Мирзиёев аҳамияти тезондани таъсиси Фонди муштарак, ки ба татбиқи лоиҳаҳои муфиди тарафайн машғул мешавад, таъкид гардид, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон.
Дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни пойтахтҳо - Тошканду Душанбе аз мавзӯъҳои меҳварии дигари ин суҳбат будааст. Манбаъ афзуд, ки роҳбарони ду кишвар роҳҳои густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, бонку молия ва фарҳангу маорифро баррасӣ намудаанд.
Таъкид ба лоиҳаҳои муштарак дар ҳолест, ки яке аз тарҳҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бунёди нарӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшон мебошад.
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ахиран гуфт, дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад.
Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
Мақомоти Ӯзбекистон таъкид намудаанд, ки нерӯгоҳҳои мазкур то 1400 миллион кВт/соат нерӯи аз нигоҳи экологӣ тозаро, танҳо барои бароварда кардани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон тавлид хоҳанд кард.
Инчунин аз аҳамияти нерӯгоҳҳо барои низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.