ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Султон Сулаймонзода гуфт, муовини роҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат давоми 1 солу 6 моҳ беш аз ду миллион сомониро аз худ кардааст.
“Аз моҳи январ соли 2018 то моҳи июни соли 2019 муовини раҳбари шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат Толибов бо маслиҳати пешакӣ бо дигар масъулин 16,5 миллион кВт соат қувваи барқи масрафнамудаи ширкатҳои “Сохтмон Ваҳдат Мустафо 2016” ва “Ҷон Пуло” дар барномаҳои компютерӣ ва ҳисоботҳо кам нишон дода бо ин роҳ беш 2 миллион сомониро аз худ намудааст”, - гуфт вай.
Ҳамзамон роҳбари Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид дошт, ки дар соли 2019 аз ҷониби кормандони ШСХК “Барқи тоҷик” 32 ҷиноят содир шудааст.
Ҷаноби Султонзода ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки давоми соли сипаришуда аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 2154 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 644 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд.
Маблағи умумии аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 684,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 280 миллион сомонии он барқарор шудааст: “Бештари инро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад”.