Қонуншикании раис: Озода Раҳмон мушкили №1-ро гуфту бори дуюм нигарониро ба Раҳмон расонд

Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар феҳрасти мушкилоте, ки додситонҳои кишвар бояд ба он таваҷҷуҳ кунанд, таҳти рақами як қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳии кишварро ном бурд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки соли гузашта низ нигарониро аз қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи тақсими замин, ба додситони кулли кишвар баён дошта буд.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Қапқон”-и зиддифасод ё чи гуна дар шаст ҳамеша “моҳичаҳои хурд” дармеафтанд?

Ӯ дар пайи шунидани гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки таҳлил нишон медиҳад, қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дорад.

Ба гуфтаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, соли 2019 нисбати беш аз 680 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътирози прокурорӣ оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2018 ҳудуди 140 эътироз зиёд мебошад.

“Масъалаи мазкур соли сипаришуда низ, зимни шунидани ҳисоботи прокурори генералӣ барои соли 2018, баррасӣ ва боиси нигаронӣ гардид”, - зикр намуд раиси Дастгоҳи раисиҷумҳур.

Ӯ зикр намуд, ки ду сол қабл дар Додситонии кулли Тоҷикистон барои назорати қонунгузории замин сохтори алоҳида бо 50 воҳиди корӣ таъсис дода шуд.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, раисони кадом шаҳру ноҳия қарорҳои ғайриқонунӣ бароварданд: 26 ном

Озода Раҳмон зарур хонд, ки додситонии кулли Тоҷикистон кор барои пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи заминро таҳким бахшад.

Бар асоси оморе, ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли додситонии кишвар нашр кардааст, ки соли 2019 барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи замин 740 пешниҳод, 1229 амр ва 1064  эътироз оварда, 893  нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида, 3245 парвандаи маъмурӣ, 883 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Дар асоси санадҳои додситонӣ 1,3 миллион сомонӣ зарар барқарор ва 8 ҳазору 196,4 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0