ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ин се шахси мансабдор, ду муовин, яке муовини раиси идораи замини шаҳри Панҷакент, дуюмӣ муовини раиси ҷамоат дар шаҳри Конибодом ва як муҳандис - заминсози ҷамоат дар ноҳияи Ашт аст, ки ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин машғул шудаанд.
Прокуратураи Суғд дар нишасти хабарии ҷамбасти фаъолияти шашмоҳаи худ парвандаи ин афроди мансабдори шаҳру навоҳии Суғдро шарҳ дод.
Иззатулло Муҳаммадӣ, иҷрокунандаи вазифаи прокурори Суғд гуфт, муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент бо насаби Ёриён, муовини раиси ҷамоати ҷамоати Ҳамробоеви шаҳри Конибодом, Шодиев ва ҳам муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт, Мараҷабов барои гирифтани пора бар ивази ҷудо намудани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин машғул шудаанд, ки нисбати ҳарсеи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Прокуратураи Суғд, гуфт, дар паи санҷишҳо ва бо дахолати прокуророн, 4 ҳазору 33 га қитъаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ қарордошта ба истифодабарандагони аввалиндараҷа баргардонида шудааст.
Дар ин давра 225 ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор гардида, нисбати қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо 157 эътироз оварда шуда, ки ин ҳисоб шуморе аз қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳраку ҷамоатҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ бекор карда шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи прокурори Суғд, гуфт, ки дар вақти санҷишҳо муайян карда шудааст, ки аз тарафи баъзе шахсони мансабдори тасодуфӣ ва ё роҳбарони хоҷагиҳо ҳолатҳои бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон ситонидани маблағ, барои ҷудо намудани қитъаҳои замин ошкор шудааст.
“Зарари расонида ба шаҳрвандон 21 ҳазору 900 доллари амрикоӣ, 33 ҳазор рубли русӣ, ва 284 ҳазору 535 сомонӣ баробар аст, ки бо роҳи қаллобӣ ва фиреб аз шаҳрвандон ситонида шудааст. Ҳамаи ин ҳолатҳо муайян карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст”, афзуд Муҳаммадӣ.
Баъзе аз коршиносон дар робита ба парвандаи ин афроди мансабдор мегуянд, вазъи фасодкорӣ дар самти парвандаҳои заминфурӯшӣ манзараи шасти моҳидориеро мемонад, ки ба он танҳо “моҳичаҳои хурд” дармеафтанд.
Рустам Маҷидов, коршиносон мустақил мегуянд, муовинони хурд, дар ҳоле, ки барои ҷудо намудани қитъаи замин дасгир мешаванд, ки дар фосилаи аз ҳамаи дури “қапқон” и зиддикоррупсия ба ҳисоб мераванд, вале онҳое, ки дар масофаи наздик қарор доранд, эмин мемонанд.
“Ин як низом аст ва шахсони рақами якум қариб, ки ба гуноҳи гирифтани пора, ё ки фасодкорӣ дасгир карда нашудаанд. Зеро ба даст афтодани онҳо, латмаи калон ба имиҷи ҷамоат ва шаҳру ноҳияҳо мезанад”, гуфт коршинос.
То ин замон, ба ҷуз Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси ноҳияи Б. Ғафуров, ба даст афтодани ягон раиси ноҳия ва ё шаҳр дар заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон ошкор нашудааст.
Раёсати мубориза бо коррупсияи дар Суғд, соли 2016 нисбати Абдусамад Маннонзода, собиқ раиси ноҳияи Б. Ғафуров дар асоси моддаи 319 қисми 4 банди “г” и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора ба миқдори калон парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд.
Аммо баъди оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ Маннонзода, ба бозпурсӣ ҳозир нашуд ва инак қариб чаҳор сол боз, ин собиқ раиси ноҳия аз маҳалли зисташ дар ноҳияи Б. Ғафуров ғайб задааст.
Коршиносон мегуянд, ба “қапқон” и зиддифасод дармондани раисон ба мисли Маннонзода, як ҳодисаи камназир аст ва ингуна ҳолат мушкили решакан шудани фасодро дар ҷомеа собит мекунанд.