КҲФ зарари сели маргбор дар Наврӯзро эълон кард

Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зарари сели маргбори  21 март дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода маблағи умумии хисорот дар ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 миллион сомониро ташкил додааст.

Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи маргбор дар Наврӯз: сели харобиовар дар се ноҳияи Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, то 2 апрел аз лою об таҳхонаҳои 40 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин 370 метр шабакаи новаҷӯйҳо тоза карда шуда, техникаи Кумита 560 метр шабакаи заҳбуриро пок намуд. Корҳо оид ба рафъкунии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Манбаъ мегӯяд, бар асоси натиҷагирии комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода хисороти аз фаромадани сел дар ноҳияи Хуросон ду хонаи истиқоматӣ, 6,3 км роҳи мошингарди деҳот, 7,3 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 7,3 км хати заҳбур ва обравҳо, 186 иншооти ёрирасон қисман осеб бардоштанд.

Ёдовар мешавем, дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари  ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки баробари хисороти зиёди молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

КҲФ аз қурбонии сел сокини 59-солаи деҳаи Ҳалқаҷар Мирзоқул Раҳмонқул ном бурд, ки ҳангоми фаромадани сел ба корҳои саҳроӣ машғул будааст.

Лентаи хабарҳо
0