Фоҷиаи маргбор дар Наврӯз: сели харобиовар дар се ноҳияи Тоҷикистон

© Фото : Штаб МЧС в Согдийской областиСелевой поток в Таджикистане
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 21 март, ки дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта мешуд, дар бархе аз навоҳии Хатлон ва тобеи марказ сели харобиовар фаромадааст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари  ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки баробари хисороти зиёди молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, хабар доданд сокинони маҳаллӣ.

Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 37 нафар дар як сол: будубоши 860 ҳазор тоҷикистонӣ дар минтақаҳои хатарнок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки селфароӣ тақрибан 19:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон рух дода, як сокини 59-солаи деҳаи Ҳалқаҷар ба ҳалокат расидааст. Манобеи ғайрирасмӣ аз талафоти ҷонии бештар хабар дода буданд, аммо расман танҳо ҳалокати як нафар тасдиқ шудааст.

КҲФ аз қурбонии сел дар Ҳалқаҷар Мирзоқул Раҳмонқул ном бурд, ки ҳангоми фаромадани сел ба корҳои саҳроӣ машғул будааст. Ҷасади Мирзоқул Раҳмонқул пайдо карда шуда, ба наздиконаш супорида шудааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, инчунин бисёре аз хонаҳо дар деҳаи Ҳалқаҷар хароб гардиданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи гузашта инчунин селфароӣ дар деҳоти Зафарободу Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух додаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аммо ба хоҷагии мардум хисорот овардааст.

Лентаи хабарҳо
0