Муроҷиати “Сомон эйр” ба мусофирон: аз интернет чипта нахаред, онҳо қалбакиянд

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз интернет чиптаҳои ҳавопаймоиро нахаранд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Бино ба иттилоияи дафтари матбуотии ширкат, дар иртибот ба хуруҷи коронавирус дар баъзе давлатҳои ҷаҳон қаллобоне пайдо шудаанд, ки  бо истифода аз вазъияти баамаломада тариқи интернет фурӯши  чиптаҳои ҳавопаймоиро ба хатсайрҳои мавҷуднабуда пешниҳод менамоянд.

Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон Эйр" парвозҳои самти Русияро коҳиш дод

“Дар ин росто, ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" ба диққати шаҳрвандоне, ки хатсайрҳои махсусро аз Москва ба самти Душанбе интизоранд, мерасонад, ки фирефтаи чунин қаллобон нашуда, ҳушёриро аз даст надиҳанд”,- афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва роҳ надодан ба сироятёбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” аз 20 марти соли 2020 иҷрои хатсайрҳои мунтазами байналмилалиро аз Тоҷикистон ва ба он қатъ намуд.

Дафтариматбуотии ширкат мегӯяд, баъди дастури Агентии авиатсияи гражданӣ танҳо санаҳои 20, 22 ва 24 март ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” се парвози махсусро аз Душанбе ба Москва ва аз Москва ба Душанбе иҷро намуд.

Гуфта мешавад, оид ба анҷом додани парвозҳои махсуси эҳтимолӣ ширкат қаблан мусофиронро огоҳ менамояд.

 

Лентаи хабарҳо
0