ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Тонӣ Фергюсон мегӯяд, қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз аввал нияти иштирок дар ин сабқатро надошт. Дар акси ҳол хеле осон метавонист аз Абу-Дабӣ ба ИМА баргардад.
“Ин дуюм бор аст. Ман кушандаи кирояам. Ҳабиб ва Конор дум хода карда, чун сагҳои шайтонӣ аз ман мегурезанд. Онҳо саг ҳам не, пишаки ноуҳдабароянд. Ҳабиб – ҷалаб аст. Ваъдааш додам, ки бо сарпӯш – папахааш фаршро хоҳам шуст, аммо ӯ гурехт”, - изҳор дошт Фергюсон дар наворе, ки дар саҳифаи Твиттер ҷой додаст.
Ин вокуниш дар ҳолест, ки қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов эълон кард, ки муҳориба бо варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон баргузор намешавад.
Вай таъкид мекунад, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.
"Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст, ки намоишкорона тамрин кунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом диҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?", - навишт вай дар саҳифааш дар Инстаграм.
Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.
Зӯрозмоии ин ду размикор нимаи дуюми моҳи апрел дар назар буд ва пештар роҳбарияти UFC эълон кард, ки муҳорибаро дар ҳар ҳолат баргузор мекунад.
Ин бори панҷум аст, ки сабқати Фергюсон ва Нурмуҳаммадов бо сабабҳои гуногун лағв мешаванд.