ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов эълон кард, ки муҳориба бо варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон баргузор намешавад.
Вай таъкид мекунад, дар ҳоле ки тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус кӯшиш мекунад, ӯ наметавонад истисно бошад.
"Ҳабиб бошад, аз тамоми ӯҳдадориҳо озод аст ва намоишкорона тамрин мекунаду аз кишваре ба кишвари дигар парвоз анҷом медиҳад? Барои муҳориба ҷонамро дар хатар монам?", - менависад вай дар саҳифааш дар Инстагарм.
Ҳабиб меафзояд, ки аз чунин ранг гирифтани қазия нигарон аст. Нақшаҳои ӯ низ дар пайи пандемия барбод рафтанд.
Тонӣ бошад, пас аз бозгашти Ҳабиб ба Русия, ӯро ба тарсончакӣ муттаҳам кард.
Фергюсон гуфт, Ҳабиб ба майдон баромадан намехост, барои ҳамин дар Русия пинҳон шуд
Пештар роҳбарияти UFC эълон кард, ки муҳорибаро дар кадом ҳолат набошад, баргузор мекунад.
Ин бори панҷум аст, ки бозии Фергюсон ва Нурмуҳаммедов бо сабабҳои гуногун лағв мешаванд.