ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Тоҷикистонро имзо намуд, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
"Минбаъд зимни хабардоркунии шахсони иштирокдори мурофиа, аз алоқаи барқӣ, почтаи электронӣ ва мобилӣ низ истифода бурдан имконпазир мегардад. Инчунин минбаъд додрас метавонад тибқи аризаи дахлдор, хатогии дар санадҳои судӣ мавҷударо бе тағйир додани мазмуни он ислоҳ намояд", - тавзеҳ дода шуд, зимни қабули ин тағйирот дар парлумон.
То ҳол барои огоҳ кардани иштирокдорони мурофиа аз мактубҳо кор бурда мешуд, ки на ҳамеша саривақт ба суроға расонда мешуданд ва ин аз мушкилоти ҷараёни мурофиаҳо арзёбӣ мегардид. Бо қабули тағйирот иҷозат дода шуд, ки огоҳсозӣ бо истифодаи технологияҳои навин сурат бигирад.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз инчунин Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилӣ, қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро имзо кард.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасонро танзим менамоянд.
“Қонунҳои ба имзорасида дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.