ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо кормандони мақомоти додгоҳӣ гуфт, додрасҳое, ки аз рӯи виҷдон ва пок кор мекунанд, миёни мардум бидуни ягон радио ва телевизион шинохта мешаванд. Раисиҷумҳур барои онҳое, ки ҳадафашон аз кор дар мақомҳои давлатӣ танҳо қонеъ кардани нафси бади худ мебошад, роҳи дигари бойшавиро гуфт.
Ӯ дар мулоқоти вижа бо додрасҳо изҳор дошт, ки пайваста ба кадрҳои навтаъин мегӯяд, агар ҳадаф суди молӣ бошад, беҳтараш дар ин низом кор накунанд.
Раҳмон аз якчанд раисони суд, судяҳо зикр кард, ки 7-8 нафар фарзанд доштаанду ӯ ба хотири фарзандҳояшон, нагузоштааст, кӯдаконашон ятим шаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳозирин даъват кард, ки фикри худу фарзандонашонро кунанд.
“Ҳар кадоми шуморо дар вақти суҳбат ман таъкид кардам, агар мансаби судягӣ танҳо барои як ҳадаф – қонеъ кардани нафси бади худ бошад, хубаш, ки дар система кор накунед, соҳибкорӣ кунед, тиҷорат кунед, бизнес кунед, бой мешавед, равед”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар мавриди ҷобаҷогузории кадрҳо дастур дод, ки кори кадрҳоро дар шаҳру навоҳӣ таҳлил кунанду “намешудагияш”-ро аз низом пеш кунанд.
Раисиҷумҳур ба Ятимов гуфт, тарбият кардан даркор, бинед аз ҳад зиёд аст, аз низом хориҷ кардан зарур аст.
“Маълумот пешниҳод кунед, намешудагиша аз система пеш кардан даркор”, - супориш дод Эмомалӣ Раҳмон ба Ятимов.