ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Ба ташкили фоҳишахона дар деҳоте дар Суғд як зан гумонбар мешавад. Ӯ манзилашро барои муносибатҳои маҳрамона иҷора дода, то 200 сомонӣ пул мегирифтааст.
Бино бар иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
"Номбурда, санаи 24-уми марти соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш, дар ҷамоати деҳоти мазкур, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Хонаашро ба фоҳишахона табдил дод: боздошти марди 49-сола дар Душанбе
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.