ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 64-солаи сокини кӯчаи Коммунизми шаҳри Истаравшан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 09:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳаи оварда, хоҳараш, зани 35-солаи сокини ҳамон ҷоро бо марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шинос карда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
ВУД ҳамчунин бо ин иттиҳом зани 39-солаи сокини кӯчаи Шота Руставелии ноҳияи Исмоии Сомонии пойтахтро боздошт кардааст, ки барои се ҷуфт барои алоқаи ҷинсӣ шаироит фароҳам оварда, пул гирифтааст.
Фоҳишахона дар маркази Душанбе: дар манзилаш ҷой дода, пул мегирифт
“Номбурда, санаи 15-уми марти соли 2020, тахминан соати 10:00, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Бухорои пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32-сола ва ҷавонзани 24-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешвад, ӯ ҳамчунни санаи 17-уми феврали соли ҷорӣ, барои шароит фароҳам овардан барои алоқаи ҷинсӣ ба ду ҷуфти дигар дар хонаи истиқоматиаш 400 сомонӣ гирифтааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.