ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 27 марти соли равон 5919 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора то санаи зикргардида 2050 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.
"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.
То имрӯз, 27 март, бо вируси COVID-19 - 532 ҳазор кас дар ҷаҳон сироят шуда, 24 ҳазор нафар ҷон бохту 122 ҳазор кас шифо ёфт. Дар Русия аллакай беш аз 1000 нафар мубталои коронавирус шудааст.