Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия якбора 1,5 ҳазор шуд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкСотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото
Сотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба гузориши ситоди фаврӣ, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия, аз коронавирус боз чаҳор нафари дигар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар Русия ба 1534 кас расид, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

То имрӯз дар 65 минтақаи Федератсияи Русия гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

"Тибқи омор, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар 26 минтақаи Федератсияи Русия 270 ҳолати ҷадиди сироятёбӣ сатб шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Шумораи бештарини мубталоён дар шаҳри Маскав - 197 кас ва вилояти Маскав 27 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон
Собянин аз марҳилаи нави паҳншавии коронавирус дар Маскав хабар дод

Дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Пенза олудагии панҷ нафарӣ сабт шудааст.

Чаҳор ҳолати сироятёбӣ дар Ком ва Чеченистон. Се ҳолатӣ дар беморхонаҳои вилоятҳои Челябинск ва Омск.

Дар ҳудуди вилоятҳои Ленинград, Мурманск, Новгород ва Хабаровск ду ҳолатӣ сатб шудааст.

Ҳамчунин дар вилоятҳои Белгород, Липетск, Рязан, Ярослав, Киров, Тюмен, Томск, Иркутск, Новосибирск ва Омур, Бошқирдистон, Мардовия, ва Ёқутистону ХМАО як ҳолатии гирифторӣ ба коронавирус сатб шудааст.

Бино ба гузориши ситоди фаврӣ, дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Русия, аз коронавирус боз чаҳор нафари дигар ҷон бохта, шумораи умумии фавтидагон дар Русия ба 8 нафар расид.

Пандемияи коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То рӯзи 29 март дар 199 кишвари ҷаҳон 663,8 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 30,8 нафар қурбони ин вирус шуд.

Ва хушбахтона беш аз 142,3 ҳазор кас аз он шифо ёфт.

Лентаи хабарҳо
0