Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Кумаки миллиардер Шодиев ба 1,5 ҳазор хонаводаи ниёзманди Ӯзбекистон

© Узбекские авиалинииСпециалисты министерства здравоохранения в аэропорту Ташкента
Специалисты министерства здравоохранения в аэропорту Ташкента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боркашҳо аллакай бо 13 номгӯи маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон равон шудаанд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бунёди байналмилалии миллиардери қазоқистонӣ - зодаи вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон Фаттоҳ Шодиев дар робита ба паҳншавии густурдаи коронавирус дар кишвар,  ба 1,5 ҳазор оилаҳои ниёзманди Ӯзбекистон кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати адлия.

Бино ба гузоришҳои ахир то рӯзи 29 март дар Ӯзбекистон 133 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

"Бунёди байналмилалии Шодиев барои дастгирии ибтикороти ҳукумати Ӯзбекистон дар робита бо паҳншавии коронавирус, тасмим гирифтааст, саҳми худро дар кумак ба оилаҳои ниёзманд гузорад", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамкорӣ бо бунёди байналмилалӣ дар доираи тарҳи Вазорати адлия "Мо якҷо" роҳандозӣ мешавад.

Сотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи мубталоёни коронавирус дар Русия якбора 1,5 ҳазор шуд

Боркашҳо аллакай бо маводҳои ғизоӣ ва доруворӣ ба минтақаҳои алоҳидаи Ӯзбекистон равон шудаанд. Ба яку ним ҳазор оилаҳои ниёзманд 13 номгӯи маводи ғизоӣ ва маводҳои доруворӣ равон шудааст.

Карантини Усмонов дар Тошканд: суҳбаташ аз пулу ҷон ва дуои миллиардер

Фаттоҳ Шодиев - соҳибмулки ERG (Гурӯҳи УрОсиёӣ) ва IMR (International Mineral Resources), бунёдгузори Бунёди байналмилалии Шодиев, узви Шӯрои МГИМО ва хатмкунандаи факултаи ҳуқуқи байналмилалии МГИМО дар соли 1976, мебошад.

Бино ба гузоришҳои ахир, дар Ӯзбекистон 7 гирифтори коронавирус комилан сиҳат шуданд.

Дар баробари ин тайи як шабонарӯзи охир 29 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 29 март дар Ӯзбекистон 133 нафар гирифтори коронавирус мебошанд.

Нахустин гирифтори вируси COVID-19 санаи 15 март ошкор шуда буд, ки аз Фаронса ба Ватан баргашта буд.

Мақомоти Ӯзбекистон феълан барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар шаҳрҳо мамнӯъ кардаанд. Парвозҳои байналмилалӣ мутваққиф шудаанд.

Миёни ҳолатҳои нави сироятшавӣ ба коронавирус шаҳрвандоне будаанд, ки тоза аз шаҳри Маскав ва Истанбул озими Ӯзбекистон шуданд. То ҳол дар Ӯзбекистон аллакай ду нафар аз бемории коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Тоҷикистон ягона давлатест, ки коронавирус дар қаламраваш ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0