ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Теъдоди умумии мубталоёни коронавирус дар Эрон ба 38 ҳазору 309 нафар расида, бо ҷон бохтани 123 бемори мубтало дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагон дар ин кишвар ба 2640 нафар расид, хабар дод Парстудей аз қавли Киёнуши Ҷаҳонпур, масъули Вазорати беҳдошт.
Манбаъ афзудааст, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирикунанда, бо кумаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон, карантин ва дармони афроди мубтало ба вируси Корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошти Афғонистон низ эълон кард, ки бо ибтилои шаш нафари дигар ба коронавирус, теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 117 нафар ва ҳолатҳои фавт ба ҳафт нафар расид.
Ба иттилои мақомоти Афғонистон, аз рӯи теъдоди мубталоён Ҳирот бо 80 нафар гирифтори коронавирус дар ҷои аввал ва Кобул дар радаи дуввум қарор дорад.
Тарҳи карантини сеҳафтаӣ дар Кобул аз рӯзи гузашта оғоз шудааст, вале ҷодаҳо ҳамчунин пури мардум мебошад. Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, аз имрӯз афроде, ки аз карантина хориҷ ва дар сатҳи шаҳр тараддуд кунанд, муҷозот мешаванд.
Ториқ Орин афзӯд:токунун ҳеҷ мавриди машкуке дар хусуси ибтило ба вируси Корона дар байни нерӯҳои давлатӣ мушоҳида нашудааст.