ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Лев Лешенко, ҳунарманди номии Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба COVID-19 гирифтор шудааст. Дар ин бора расонаҳои Русия гузориш медиҳанд.
Наздикони Лешенко дар бораи бемории ӯ маълумоте надодаанд.
Пештар ӯро аз Коммунарка - маркази нигаҳдории гирифторони COVID-19, бинобар маълум шудани илтиҳоби шушаш, ба шӯъбаи эҳё интиқол дода буданд. Ҳамсараш Ирина низ дар беморхона аст.
Аввалҳои моҳи феврал Лешенко бо ҳамсараш барои истироҳат ба Италия сафар карданд. Пас аз ду ҳафтаи сафар аҳволи ҳунарманд бад шудааст.
Шоми гузашта Лешеко нафасгир шудааст ва табибон ӯро ба шӯъбаи эҳё интиқол доданд. Дар натиҷа пизишкон тавонистанд вазъи Лешенкоро ба ба эътидол оваранд, аммо бар ҳар ҳол, то ҳол дар шӯъбаи эҳё мемонад.
Феълан, наздикону ҳамкороне, ки бо оилаи ҳунарманд иртибот доштанд, аз тахшис мегузаранд.