ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Муҳорибаи қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Тонӣ Фергюсони амрикоӣ эҳтимол меравад дар Амрико баргузор шавад.
Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбарияти ташкилот ҳадс зада буданд, ки берун аз Амрико ташкил карданианд. Зеро бо далели пандемияи вируси корона дар кишвар чорабиниҳои оммавӣ мамнӯъ шуданд. Маҳз бо ҳамин сабаб, толоре, ки Ҳабиб тамрин мекард, баста шуд ва ӯ тарки Амрико кард.
Эҳтимол меравад, ки муҳорибаи Ҳабиб ва рақиби амрикоиаш дар яке аз се шаҳрҳои ИМА - Флорида, Орландо ё Тампа баргузор шавад.
Феълан гуфтушунидҳои роҳбарияти UFC бо мақомоти маҳаллии шаҳри Флорида идома дорад.
Худи варзишкори номӣ Ҳабиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар сӯҳбат бо ҳаводоронаш гуфтааст, ки қазия барояш умуман норӯшан аст. Ӯ гуфтааст, ки аз ҳама чиз бехабар аст ва намедонад, ки муҳориба дар куҷо баргузор мешавад ва умуман баргузор мешавад ё на.
Дана Уайт, роҳбари UFC борҳо дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки муҳорибаро новобаста аз ҳама чиз лағв карданӣ нест ва ҷойи мувофиқеро низ пайдо кардааст, аммо онро феълан ошкор карданӣ нест. Ӯ пешниҳод мекунад, ки бозӣ бидуни тамошобинон доир гардад.
Мухлисон онро метавонанд тариқи интернет, аммо пулакӣ тамошо кунанд.
Пештар ҳам чор маротиба бозии Ҳабибу Фергюсон лағв шуда буд.