ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Давлатов муассиси ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” ва молики гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен муаррифӣ шудааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, гармхонаи замонавӣ дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуроти роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, Саидмурод Давлатов таъсис дода шуда, дар он асосан сабзавот парвариш карда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки дар гармхона дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардида буд.
Акнун соли равон бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад.
Президент кори Саидмурод Давлатовро намунаи ибрат хонд
Котибот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усулҳои замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ кард.
Саидмурод Давлатов инчунин дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳур нақшаҳои ояндаи маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро муаррифӣ кардаст.
Ӯ изҳори ният кардаст, ки дар оянда масоҳати гармхонаро то 10 гектар расонад ва барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бунёд менамояд.
“Дар ҳамин замина бунёди корхонаи хишт ба нақша гирифта шудааст, ки баробари роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ аз он барои таъмин кардани гармхонаҳо бо гармӣ истифода карда мешавад. Ҳамчунин сохта ба истифода додани коргоҳи бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст”, - хабар додаст котиботи раисиҷумҳур аз нақшаҳои Саидмурод Давлатов.