Дастури Раҳмон барои ташкили боғ дар замини бекорхобидаи мавзеъи "Рухак"

CC BY-SA 4.0 / Лобачев Владимир / Посадка дерева, архивное фото
Посадка дерева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузошт

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.

Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур,  аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонида истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд.

"Боғи навбунëд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо системаи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, ки аллакай дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шудааст. Дар мавзеъи “Рухак” имкони бунëди зиëда аз 3 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд", - омадааст дар иттилоия.

Дар мавзеъи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунëди фермаи чорвои калони шохдор дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 2 гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар 3 гектар ва дар 2 гектар замин қитъаи ниҳолпарварӣ бо иқтидори истеҳсолии 2 миллион бех ниҳол, аз ҷумла ниҳоли интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи “Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунëди фермаҳои мурғпарварию чорвои калони шохдор ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайë гардидани наздик ба 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба миëн хоҳад омад.

Лентаи хабарҳо
0