Омори даҳшатбори коронавирус: дар чор рӯз бештар аз сад ҳазор бемор

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в аэропорту в защитном костюме
Медицинский работник в аэропорту в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
СТҶ мегӯяд, дар сар то сари ҷаҳон бештар аз 300 ҳазор сироятёфтагони вируси корона ба қайд гирфта шудаанд, аммо ҳамарӯза шумораи онҳо ба садҳо кас бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Созмони тандурустии ҷаҳонӣ эълон кард, ки пандемияи коронавирус густурдатар мешавад.

Бино бар додаҳои СТҶ дар сар то сари ҷаҳон то имрӯз бештар аз 315 ҳазор гирифторони вируси корона ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, агар сад ҳазор мариз дар 67 рӯз ба қайд гирифта шуданд, дусад ҳазори дигарро ҳамагӣ дар 11 пайдо карданд.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони 1,6 ва 14 -сола аз гирифторони нави коронавирус дар Қирғизистон мебошанд

Нигаронкунандатарин омор дар чор рӯзи ахир аст, ки дар ин миён 100 ҳазор нафари дигарро вируси "тоҷдор" сироят кард.

Ба гуфтари роҳбари СТҶ Тедрос Гебрейесус, барои паҳншавии босуръати вируси коронаро пешгирӣ кардан, бояд дар хона нишаст.

Аммо ин танҳо чораҷӯиҳои пешгирикунанда мебошад, ки дар мубориза бо худи беморӣ робитае надоранд.

Гебрейсус боварӣ дорад, ки коронавирусро метавон дар ҳолати ҳуҷуми сахт ба он пирӯз шуд, барои ҳамин вай даъват бар он мекунад, ки ҳар як ҳодиса тафтиш шавад ва ҳар бемор аз дигарон ҷудо карда шавад.

Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар ИДМ: шумори гирифторон ба 1167 нафар расид

Вай таъкид мекунад, ки карантини ҳар нафаре ки бо бемор робитаи бевосита дошт, бисёр муҳим аст.

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0