Кӯдакони 1,6 ва 14 -сола аз гирифторони нави коронавирус дар Қирғизистон мебошанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкУсиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом
Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири беҳдошти Қирғизистон Толо Исҳоқов дар мавриди вазъияти феълӣ бобати коронавирус ҳисобот додааст. Ба изҳори ӯ, феълан дар Қирғизистон 26 ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки миёни онҳо кӯдакони 1,6 ва 14 сола қарор доранд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муовини вазири тандурустии Қирғизистон аз 26 ҳолати нави сироятёбӣ ба маризии коронавирус хабар дод. Ба изҳори ӯ, акнун шумораи умумии маризони коронавирус дар Қирғизистон то 42 нафар афзоиш ёфтааст.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Қирғизистон дар робита ба мубориза алайҳи коронавирус баҳои мусбат дод

Исҳоқов зикр намудааст, ки маризии сироятии коронавирус ҳамзамон кӯдаконро низ домангир кардааст.

Феълан, дар беморхонаҳои ин кишвар миёни маризони калонсол, ҳамзамон се кӯдак низ қарор доранд, ки синну соли онҳо 1, 6 ва 14 сола ташкил медиҳад. Ташхиси ҳар сеи онҳо мусбат баромадаст, афзудааст муовини вазир.

Бо се мубталои коронавирус дар Қирғизистон беш аз 2 ҳазор нафар дар тамос буданд

Зимнан, дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Қирғизистон раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков, сар аз 25 - уми март то 15 - уми апрел дар Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва се навоҳии дигар, вазъи фавқулода эълом кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард.

Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон беш аз 355 ҳазор нафар гирифтори ин маризӣ мебошанд. Шумораи қурбониён бошад ба 16 ҳазор нафар баробар аст. Зиёда аз 97 ҳазор дардманди маризии коронавирус шифо ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0