ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Масъалаи интиқоли муҳоҷирони тоҷикро аз Маскав ба ватан манъ шудани парвозҳои байналмилӣ дар Тоҷикистон мушкил кардааст. Ин нуқтаро дафтари матбуоти Ҳавонавардии Русия дар хабаре тавзеҳ додааст.
"Масъалаи интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро аз Маскав, мутаассифона, дар робита бо мавқеи мақомоти расмии кишварҳои зикргардида дар мавриди интиқоли мусофирон мушкил кардааст", - гуфта мешавад дар хабар.
Росавиатсия менависад, феълан барои ба эътидол овардани масъала ва интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан тамоми иқдомҳои лозима андешида мешаванд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон сар аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалӣ қатъ шуданд. Ин қарор барои пешгирӣ аз коронавирус қабул гардид.
ВУХ: шаҳрвандонро аз Мисру Туркияву Тошканд овардем, масъалаи боқимондаҳо баррасӣ мешавад
Дар ҳамин робита муҳоҷирони зиёде натавонистанд аз фурудгоҳҳои Маскав ба Душанбе парвоз кунанд.
Вазъяти мазкурро сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов шахсан назорат мекунад.