Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

© © Sputnik / Владислав ВодневДевушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд даромад ва баромад барои тамоми намуди нақлиёти заминиву ҳавоӣ баста шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз шаҳри Тошканд пойтахти Ӯзбекистон куллан карантин шуд.

Премьер-министры Узбекистана и Таджикистана Абдулла Арипов и Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Бо дархости Ӯзбекистон: Расулзода бо Орипов коронавирусро баррасӣ кард

Даромад ва баромади ҳамагуна воситаҳои нақлиёт заминиву ҳавоӣ ба шаҳри Тошканд пурра қатъ гардид.
"Аз соати 00.01-и 24-уми март, Тошканд барои ҳама намудҳои воситаҳои нақлиёт (автобусҳо, мошинҳо, парвозҳо ва роҳи оҳан) баста мешавад", - омадааст дар иттилоияи мақомоти Ӯзбекистон.

Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон чунин тасми танҳо барои интиқоли бор ва нафароне, қайди доимии зист дар пойтахтро доранд истисно мебошад.

Ҳамчунин дар Тошканд сар аз имрӯз тамоми чорабиниҳо ба ғайр аз ҷаноза манъ карда шуд.

Гуфта мешавад, чунин маҳдудсозиҳо танҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус мебошад.

Ёдовар мешавем, рӯзи  22 март дар Тошканд ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ - метро, автобусҳо ва микроавтобусҳо қатъ шуданд. Дар пойтахт равуо танҳо бо мошинҳои шахсӣ ё мошинҳои созмонҳо, инчунин таксиҳои безараршуда иҷозат дода шудааст.

Сотрудница больницы CHC MontLegia в медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 45 нафар расид

Бар пояи омори ахир дар Ӯзбекистон зиёда аз 12,7 ҳазор нафар дар карантин, аз ҷумла 7,4 ҳазор нафар дар беморхонаҳо мебошанд.

Шумори мубталоёни коронавирус бар  асоси додаҳои рӯзи гузашта дар ҳамсоякишвар ба 46 нафар мерасад.

Ин семюмин шаҳр дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар он карантин эълон шуд. Қаблан ҳукумати Қазоқистон низ аз карантин шудани ду шаҳри ин кишвар Нурсултон ва Алмаато хабар дод.

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0