Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар Тоҷикстон 11 дар сад афзоиш ёфт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии омори Тоҷикистон эълон намудааст, ки ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар моҳи январ ва феврали соли 2020 беш аз 514 миллион долларо ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Аз аввали соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти яклухт ва чакана дар Тоҷикистон 11 дарсад афзоиш ёфт, иттилоъ  додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Рабочие грузят товар в фуру, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзоиш ёфт

Тибқи иттилои Ожонсӣ ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот дар моҳи январ ва феврали соли 2020 беш аз 514 миллион долларо ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54,4 миллион доллар зиёдтар будааст.

Ожонсии омор таъкид доштааст, ки дар бозорҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, либоса ва бозорҳои омехта дар  маҷмӯъ дар ҳаҷми 176 миллион доллар фурӯхта шудааст ки 41,1 дарсади ҳаҷми умуми гардиши молу маҳсулотро ташкил додааст.

Барои аввалин бор аст, ки дар ду моҳи соли 2020 ҳаҷми умумии фурӯши гӯшт ва маҳсулоти ҳасиб (15,4дарсад), шакар ва маҳсулоти қанодӣ (6,8 дарсад), орду нон (11,8 дарсад), сабзавон (6,1 дарсад) ва равғани растанӣ (5,1 дарсад) афзоиш ёфтааст.

Ғайр аз маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои кишвар бештар маҳсулоти нафтӣ, порча, мошин, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзор ва электроника фурӯхта шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0