Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбакистон ду баробар афзоиш ёфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкРабочие грузят товар в фуру, архивное фото
Рабочие грузят товар в фуру, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағи гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо Узбакистон дар 11 моҳи соли равон 258,8 миллион долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот Тоҷикистон бо Узбакистон дар 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузшта 2,3 баробар афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Аз ҷумла маблағи савдо бо Узбакистон дар 11 моҳи соли равон 258,8 миллион долларро ташкил дода, наздик ба 116 миллион доллари он аз ҳисоби воридот маҳсулот ба вуҷуд омадааст”, - хабар додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.

Флаг России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 12 дарсад афзоиш ёфтааст

Нишондиҳандаи содирот ба ин кишвари ҳамсоя 142,8 миллион долларро ташкил додааст.

Инчунин гардиши молу маҳҳсулоти Тоҷикистон бо Қирғизистон 59,1 миллион доллар будааст.

Аз ҳама бештар Тоҷикистон бо Русия савдо кардааст. Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо ин кишвар 924,4 миллион долларро ташкил медиҳад . Пас аз Русия Қазоқистон ҷойгир шуда, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо ин кишвар 768,8 миллион долларо ташкил намудааст.

Ҳамагӣ гардиши савдои хориҷии миёни Тоҷикистону кишварҳои ҳамсуд дар ин давра 2,1 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 дарсад зиёд будааст.

Лентаи хабарҳо
0