Дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили Наврӯз ва сафари президент ба вилоят Иди картошка, нон ва асал баргузор шуд. Имрӯз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки ташаббускори таҷлили иди картошка аст, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба иди мазкур рафтанд.
Дар гӯшаи дигар бошад занбурпарванрон маҳсулоти хешро ба намоиш гузошта аз дастовардҳои истеҳсолии худ ба раҳбари кишвар гуфтаанд.
Имсол ба иловаи дигар идҳо дар Тоҷикистон иди картошка низ ҷорӣ шуд, бори нахуст имрӯз таҷлил шуд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур мегӯяд, дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар поёни намоиш ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо дод.