Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкБлюда из картофеля на празднике молодой картошки
Блюда из картофеля на празднике молодой картошки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашнро бори аввал дар вилояти Суғд таҷлил мекардаанд. Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки таҷлили ид баргирифта аз супориши Президент аст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Имсол дар доираи барномаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд бори аввал Иди картошка таҷлил  мешавад, гузориш медиҳад "Ховар".

"Имсол роҳбарияти вилоят дар доираи барномаҳои наврӯзӣ — Фестивали "Сайри гули лола", Иди асал, намоиши нону маҳсулоти нонӣ ва  бори аввал Иди картошкаро, ки яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дониста мешавад, баргузор менамоянд", - менависад манбаъ.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузории Иди картошкаро баргирифта аз супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар панҷ соли минбаъда ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошка арзёбӣ намудааст.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: нархи фурӯши маҳсулотро арзон кунед, то дастархони идонаи мардум таъмин шавад

Раиси вилоят дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ки  маркази баргузории барномаҳои Наврӯзи имсола дар вилояти Суғд муқаррар гардидааст, бо иштироки масъулони соҳаҳои мухталиф машварати корӣ баргузор намуд.

Мавсуф ба шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят барои дар сатҳи баланд ташкил намудани  намоишҳо вазифаҳои мушаххас  гузошт. Инчунин дастур дода шуд, ки нонҳои минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нон ва маҳсулоти нонии Хуҷанду Зарафшон, Хатлону Бадахшон дар ин намоишгоҳ пешкаши меҳмонон гардонида шаванд, то мардум бо анъанаҳои миллии ҳамдигар шинос гарданд.

Лентаи хабарҳо
0