Паёми Матвиенко ба Убайдуллоев ва суҳбат аз ҳамкориҳои оянда

© Фото : сайт МПА СНГГлава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото
Глава МПА СНГ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, бо ирсоли як паём Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, таъкид ба густариши ҳамкориҳо намудаст

ДУШАНБЕ, 23 мар— Sputnik. Роҳбарони як қатор парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон бо ирсоли паём, ҳамтои тоҷикашон Маҳмадсаид Убайдуллоевро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд, хабар дод котиботи Маҷлиси миллӣ.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев дар ҷаласаи ниҳоӣ хостори тағйири қонун шуд: аз афсӯс то орзу ба ояндаҳо-акс

Валентина Матвиенко дар паём ба Маҳмадсаид Убайдуллоевич навиштааст, ки "шуморо бо фарорасии иди пурнури баҳории Наврӯз, ки дар худ садоқати ҷовидонаро барои анъанаҳо, умедвориҳои неку равшанро баҳри оянда таҷассум менамояд, табрик менамоям".

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия таъкид кардаст, ки ҳамкориҳои миёни мақоми қонунгузории Русия ва Тоҷикистонро ба сифати қисми рушдкунандаи шарикии стратегии давлатҳоям арзёбӣ менамояд.  Ният дорем дар оянда низ ба тавсеаи пайвастаи он мусоидат намоем, изҳор доштаст Матвиенко.

Тағйироти кадрӣ: пешниҳоди Раҳмону розигии Маҷлиси миллӣ

Ӯ дар хитоб ба Маҳмадсаид Убайдуллоев илова намудаст, ки "ба шумо ва кулли аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ саломатӣ, комёбию муваффақиятҳо дар ҳамаи ибтикорот ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам".

Лентаи хабарҳо
0