Убайдуллоев дар ҷаласаи ниҳоӣ хостори тағйири қонун шуд: аз афсӯс то орзу ба ояндаҳо-акс

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ниҳоии даъвати 5-ум аз дастовардҳо, таасссуф ва таманниёт ба ҳайати оянда суҳбат карда, инчунин хостори як тағйирот дар қонунгузории кишварро шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Убайдуллоев аз низоми парлумони дупалатагӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки “парламенти дупалатагӣ нисбат ба якпалатагӣ демократитар ва бешубҳа ба идоракунии самараноктари ҷомеа мутобиқ мебошад”.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: пешниҳоди Раҳмону розигии Маҷлиси миллӣ

Пешниҳоди Убайдуллоев барои тағйири қонун

Дар ҳоле, ки феълан дар Тоҷикистон танҳо Маҷлиси намояндагон доимамалкунанда мебошад, Маҳмадсаид Убайдуллоев хостори тағйирот ба қонунгузорӣ шуд, ки бар асоси он як қисми палатаи болоии парлумон фаъолияти доимӣ дошта бошад.

“Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои сохти ягонадошта, ки ҳиссаи алоҳидаи палатаҳои болоии парламенташон дар асоси доимӣ фаъолият менамоянд ва бо инобати он, ки баррасии қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ вогузор гардидааст, шояд вақти он расидааст, ки тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таҷдид қарор дода шавад”, - изҳор дошт Убайдуллоев.

Таассуфи Убайдуллоев: фаъолтарин узв моро тарк кард

Вай дар идома аз кори даъвати 5-ум тайи 5 соли охир суҳбат намуда, бо таассуф афзуд, ки дар ин давра Қаҳҳор Маҳкамов, ки ба гуфтаи Убайдуллоев фаъолтарин узв буд, дунёро тарк намуд.

Қаҳҳор Маҳкамов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳҳор Маҳкамов президенти аввалини Тоҷикистон даргузашт

“Мутаассифона, ҷойи таассуф аст, ки дар давраи даъвати панҷум фаъолтарин узви Маҷлиси миллӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндаёд Қаҳҳор Маҳкамов сафи моро тарк намуданд, ки  кори неку номи нек ва заҳматҳои ватандӯстонаи марҳум дар таърихи Маҷлиси миллӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан боқӣ хоҳад монд”, - ёд кард раиси Маҷлиси миллӣ.

Озода Раҳмон нахустин шуд

Раиси Маҷлиси миллӣ дар идома аз Озода Раҳмон тавсиф кард, ки барои нахустин бор дар таърихи парламентаризми кишвар сафири Созмони байналмилалии занони роҳбар интихоб шуд.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон барои санҷиши сартосарӣ ва таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроия

“Бо пешниҳоди Маҷлиси миллӣ  Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” бори нахуст дар таҷрибаи парламентаризми муосирамон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсио­нӣ, ҳуқуқу озо­­­­­­­­­ди­ҳои ин­сон, шаҳрванд ва қо­нуни­ят Раҳмон Озода Эмомалиро сафири занони сиёсатмадори роҳбар дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон таъин намуд”, - изҳор дошт Убайдуллоев.

Убайдуллоев гуфт, мардум ба ӯ бештар аз чӣ шикоят мекунанд

Раиси палатаи болоии парлумон гуфт, самти муҳими дигари фаъолияти Маҷ­ли­си миллӣ кор бо арзу шикоят ва муро­ҷиати шаҳрвандон аст.  Ӯ иттилоъ дод, ки ба унвони мо ворид шудани 1182 нома, арзу шикоят ҷиҳати бар­тараф кар­да­ни камбудиҳои ҷойдошта, шаҳодати эътимоду боварӣ ба Маҷлиси миллӣ  мебошад.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлили Убайдуллоев дар бораи фасодкории мансабдорон: ин ҳузновар аст

“Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон собит сохт, ки муҳтавои онҳо асо­сан аз баҳси манзили истиқ­о­ма­тӣ, норозигӣ бо ҳукм, ҳално­ма ва таъи­­нотҳои судӣ, ғайриқонунӣ ба ҷавоб­га­рии ҷиноя­тӣ кашидан ва ё аз ҷони­би суд таъини ҷазои вазнин, мавриди шиканҷа қарор додани гумонбаршудагон, муноси­бат­ҳои ғайриқо­ну­нии баъзе  мансабдорони мақомоти давлатӣ, расони­дани кӯмаки молиявӣ, инчунин таъмин бо қитъаи замин, бозҳисобии нафақа ва ғайра иборат­ мебошанд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Сипос ба Президенту ёрдамчиёнаш

Убайдуллоев дар идома барои дастгириҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳори сипос карда, номи ёрдамчиёнашро зикр намуд.

Эмомали Рахмон на заседании правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабс камтар мешавад? супориши Эмомалӣ Раҳмон ба ёрдамчияш

“Ба ёрдамчиёни Президенти  оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаҳои комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳамадалиевич, Маҳмадалӣ Ватанзода, Зариф Ализода миннатдории Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шахсан худамро аз таҳти дил изҳор месозам”, - гуфт раиси Маҷлиси миллӣ.

Аксгирии хотиравӣ ва таманниёти Убайдуллоев ба ҳайати оянда

Дар фарҷоми гузориш Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳозирин ва ҳайати ояндаи палатаи болоии парлумон муваффақият таманно кард.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд

“Дар ин ҷода ба Шумо ва онҳое, ки дар интихоботи пешорӯ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд, барору комёбиҳои беназир орзумандем. Итминони комил дорем, ки даъвати нави Маҷлиси миллӣ иқдомот, ташаббусҳои наҷиб, анъана ва таҷрибаи судоварро  давом дода, баҳри рушду такомули парламентаризми муосир саҳми арзанда хоҳад гузошт”, - таманно кард раиси Маҷлиси миллӣ.

© котиботи Маҷлиси миллӣАъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, даъвати панҷум баъди ҷаласаи ниҳоӣ
Убайдуллоев дар ҷаласаи ниҳоӣ хостори тағйири қонун шуд: аз афсӯс то орзу ба ояндаҳо-акс - Sputnik Тоҷикистон
Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, даъвати панҷум баъди ҷаласаи ниҳоӣ

Убайдуллоев дар ҷаласаи ниҳоӣ муовини якум ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор, раисони куми­таҳо ва комиссияи дахлдори Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Раҳимиӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф, Амирзода Раҳмоналӣ, Маҳтобшозода Арамбегим ва аъзои Маҷлиси миллӣ - Бобобекова Меҳринисо, Лоиқзода Қаноатшо, Дадаҷонова Сайёҳат, Раҳмонова Наргис ва Шораҳматов Раҳмон барои фаъолияти пурсамар бо “Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0