Саховатмандон барои ҳизби ҳоким бинои сеошёна сохтанд: Президент кушод-акс

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Бинои сеошёнаи маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳр аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи мусоир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиаи маргбор дар Наврӯз: сели харобиовар дар се ноҳияи Тоҷикистон

“Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, утоқҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон қабати сеюми биноро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои  мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат даъват кардаст.

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонБинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон
Саховатмандон барои ҳизби ҳоким бинои сеошёна сохтанд: Президент кушод-акс - Sputnik Тоҷикистон
Бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон биноро туҳфаи арзанда хонда, иброз доштаанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизбӣ ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузор хоҳанд буд.   

Лентаи хабарҳо
0