Борону барф дар Наврӯз: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 21 март ҳаво дар Тоҷикистон абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар  Душанбе низ   абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон шиддат гирифта, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. 22-23 март ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 9+11 ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март

Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева  ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 21 март дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, боридани борони шиддатнок дар назар аст. Ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин рӯзҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати 13-18 метр дар як сония мевазад.   Ҳарорат ба 22+27 дараҷа мерасад. 24 март низ  боридани борон пешгӯӣ шудааст.

21-24  март дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Дар баъзе  ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боришоти шиддатнок ва раъду барқ дар назар буда, дар қисматҳои доманакӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 15 +20 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Суғд ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. 22 – 23 март ҳаво дар ин вилоят тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе мавридҳо то 15-20 метр як сония  мевазад. Гармии ҳаво ба 20+25 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 21-24 март ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ шудааст. Дар баландкӯҳҳои вилоят  борон ва барф меборад. Асосан 21 март дар бархе ноҳияҳои тобеи марказ боридани бориши шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. 22-23 март ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар шарқи Бадахшон ҳавои бебориш мешавад. Аз 22 то 24 март дар ин минтақа ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби Бадахшон шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона  12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0