ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бо дарназардошти рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои истироҳатии моҳи март имсол 14 рӯз гуфта мешавад.
Имсол ҷашни Рӯзи модар ба рӯзи якшанбе рост меояд, ки бар пояи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 9-уми март низ истироҳат эълон хоҳад шуд.
Иди Наврӯз ҳамасола дар кишвар аз 21 то 24 таҷлил мешавад, ки ду рӯзи он ба рӯзҳои истироҳати рост меояд, бинобар сокинони кишвар ду рӯзи баъди 25-26-уми март низ истироҳат хоҳанд кард.
Агар рӯзҳои ид ва истироҳатҳои расмиро дар якҷоягӣ ҳисоб кунем, моҳи март шаҳрвандони кишвар 14 рӯз: 1, 7, 8, 9, 14, 15, ва аз 21 то 29-ум истироҳат мекунанд.
Соли гузашта тоҷикистониён дар моҳи март 15 рӯз истироҳат карда буданд.