ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Аз миёни муовинони прокурори генералӣ як нафар ба нафақа фиристода шуда, боқимонда ба мақомҳои нав таъйин гардиданд.
Бо пешниҳоди президент ва розигии Маҷлис, Ҳотам Назарзода аз вазифаи муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон ба нафақа баромад.
Муҳаммадиброҳим Осимзода аз мақоми ноиби додситони кул озод ва додситони шаҳри Ҳисор таъйин гардид. Валӣ Ваҳобов низ ки то ҳол муовини додситони кул буд, ноиби додситони вилояти Суғд таъйин шуд.
Инчунин бо пешниҳоди президент, Сафаралӣ Мирзозода аз вазифаи Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон бо сабаби муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин гардиданаш озод карда шуд.
Дар феҳрасти афроди навтаъйин дар Додситонии кул, аз ҷумла Абдуғаффор Ҳикуматуллозода, муовини якуми додситони кул, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода муовинони додситони кул ва Икром Зоирзода ноиби додситони кул -Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон номбар шуданд.