ВУХ: шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қирғизистон дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як хабар аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки бино бар шуюи коронавирус дар Қирғизистон муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ба иллати паҳн ёфтани коронавируси нав (COVID-19) дар Қирғизистон аз 19 марти соли равон маҳдудияти ворид шудан ба хоки он кишвар ҷорӣ шудааст.

Мероприятия по предотвращению распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 23 нафар расид

Ба ҳамин хотир ВУХ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоянд.

“Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қирғизистон дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд”, - таъкид доштааст ВУХ.

Ҳамзамон, манбаъ қайд намудааст, ки маҳдудияти мазкур нисбати ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймоҳо татбиқ намегардад.

Инчунин, хуруҷи шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз қаламрави Қирғизистон мувофиқи қонунгузории он кишвар сурат мегирад.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъкид доҳтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатии мо муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар ИДМ ба 332 нафар расид.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия ба 147 нафар расид. Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки дар Арманистон ба 84 нафар, дар Беларус 51, Қазоқистон ба 35 ва дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид. Дар ин бора  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0