Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 23 нафар расид

© REUTERS/Ronen ZvulunМероприятия по предотвращению распространения коронавируса
Мероприятия по предотвращению распространения коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон теъдоди мубталоёни маризии сироятии коронавирус ба 23 нафар афзоиш ёфтаст. Ҳукумати ин кишвар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба ҳангома дода нашаванд, чун вазъият таҳти назорат қарор дорад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бо ошкор шудани се мубталои коронавирус, ки аъзоёни як оила буда, аз шаҳри Порис озими Ӯзбекистон шуданд ва ҳамзамон зуҳури ин маризӣ дар ду сарнишини  ҳавопаймоҳои хатсайри Истанбул ва Порис, теъдоди умумии маризон дар ин кишвар ба 23 нафар расид.

Прохожий в медицинской маске на улице Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Шумори мубталоён ба коронавирус дар ИДМ ба 332 нафар расид

"Маризии сироятии коронавирус дар панҷ нафари дигар зуҳур кардаст, ки се нафарашон аъзоёни як хонавода буда, ду тани дигар аз Истанбул ва Порис вориди Ӯзбекистон гардидаанд", - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҳамаи дардмандони ин маризӣ таҳти назорати шадиди табибон қарор доранд.

Бояд гуфт, ки алъон дар ҷаҳон беш 204 ҳазор нафар дар 150 кишвари қора гирифтори коронавиурс гардидаанд, ки аз ин аксарият шифо ёфтааст, вале беш аз 8 ҳазор мариз ба ҳалокат расидаанд.

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид

Зимнан, дар робита ба хуруҷи ин маризӣ, Ӯзбекистон сар аз 16 - уми март парвозҳо самти чандин кишварҳоро боздошт.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ахиран 11 - уми март коронавирусро пандемия эълон намуд.

Лентаи хабарҳо
0