Кумитаи дин: масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа боз мешаванд!

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузариш ба медиабонкВерующие во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане
Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз фардо, ҷумъа, 20 март, дар Тоҷикистон дари масҷидҳо боз мешаванд ва намозгузорон метавонанд намозҳои панҷвақта ва ҷумъаро адо намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари ҷаҳон масҷидҳо ба далели ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” баста мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 март — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъракаи зиддиуфунӣ кардан ё дезинфексияи масҷидҳо ба анҷом расида, аз бомдоди рӯзи 20 март намозгузорон метавонанд намозҳои панҷвақта ва намози ҷумъаро дар масҷидҳои ҷомеъ адо намоянд.

Юсуф Рахмонов на пресс-конференции Генеральной прокуратуры РТ - Sputnik Тоҷикистон
Аз Кабирӣ то коронавирусу "Бародарони мусалмон": гузориши Раҳмон дар парлумон

“Маъракаи зиддиуфунӣ кардан ва корҳои профилактикӣ дар масҷидҳо бо талошу ибтикори худи иттиҳодияҳои динӣ ба анҷом расида, Кумита ва Шӯрои уламо ба ин натиҷа расиданд, ки шароити намозгузорӣ фароҳам шудааст ва мардум метавонанд ба масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо барои адои намози ҷамоат раванд”, - гуфт Афшини Муқим.

Кумитаи дин аз афроде, ки сиҳатияшон хуб несту гирифтори табу сулфаянд, хоҳиш намудааст, ки ба далели бехатарии атрофиён ба намозҳои ҷамоат ҳозир нашаванд.

 Намозгузорони тоҷик охирин бор бегоҳи 3 март намози хуфтанро ба ҷамоат адо карда буданд. Пас аз хатми ин намоз имомхатибон мардумро огоҳ карданд, ки бо дастури мақомоти зидахл ва ба хотири ҷилавгирӣ аз шуюъ ё густариши "вируси тоҷдор" намозҳои дастҷамъона дар масҷиду ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон муваққатан қатъ карда мешаванд.

Рӯзи 4 март Шӯрои уламои Тоҷикистон низ зимни як муроҷиат аз мусалмонони кишвар хост, ки ба хотири пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сирятёбиву паҳн гардидани бемории "вируси тоҷдор" аз намозгузории дастҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардум

Қарори Шӯрои уламо бар асоси тавсияҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ содир шуда буд, ки бино ба онҳо, вазъи профилактикии масҷидҳои Тоҷикистон ба талабот посухгӯ нест.

Рӯзи 14 март Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар дод, ки дар масҷидҳои кишвар маъракаи зиддиуфунӣ кардан ё дезинфексия идома дорад ва ба ҳамин қарибиҳо дарҳои онҳо боз хоҳад шуд. Аммо ин ниҳод дақиқ накард, ки маҳз кай масҷидҳо боз мешаванд.

Масҷидкушоӣ дар Тоҷикистону масҷидбандиҳо дар ҷаҳон

Ин дар ҳолест, ки дар саросари ҷаҳон, бахусус, кишварҳои исломӣ, назири Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон ва ғайра ба далели шуюъи “вируси тоҷдор” масҷидҳо баста шудаанд. Ҳатто уламои мӯътабари “Ал-азҳар” фатво доданд, ки дар чунин замон ба хотири ҳифзи ҷони мусалмонон гузоштани намоз дар масҷидҳо маслиҳат набуда, мардум бояд намозҳои худро дар хонаҳояшон адо кунанд.

Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Авиган: табибони Чин доруи муассир алайҳи коронавирусро пайдо карданд

 Ин гуна иқдомот дар масҷидҳои кишварҳои ғайриисломӣ низ гирифта шудааст. Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, назири Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ дари масоҷид бастаанд. Афшини Муқим мегӯяд, хушбахтона, то ба ҳол дар кишвар ягон мавриди сироятшавӣ ба “вируси тоҷдор” сабт нашудааст ва шаҳрвандон бояд мутаваҷҷеҳи шароити беҳдоштии худу атрофиён бошанд.

Маҷлиси миллӣ розигӣ дод: масоҳати Душанбе 7,7 ҳазор га васеъ мешавад

“Танҳо аз сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунем, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан “вируси тоҷдор” ё “COVID-19” дар рафти намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои беҳдоштӣ қатъан аҳамияти ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид кард сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0