Хомӯш набошем: Раҳмон дар бораи либос, наҳзатиҳо, айби зиёиён ва камбудии фикри мардум

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар бораи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, айби зиёиён дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, либоспӯшӣ ва камбудиҳои имрӯзаи тафаккури мардум гуфт

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд , изҳор дошт Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён ва афзуд, “ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад”.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ариза нависед! Раҳмон дар бораи асардуздӣ ва унвонгирии вазирону вакилон

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.

“Таърих, забон, фарҳанг, расму ойин ва маданияти либоспӯшии миллӣ арзишҳои ҳувиятсоз буда, оламиён мову шуморо, қабл аз ҳама, аз рӯи ҳамин сифатҳо мешиносанд ва эътироф мекунанд. Хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад”, - ҳушдор дод раисиҷумҳур.

Раҳмон хостори таҳқиқи ҷанги таҳмилӣ шуду гунаҳкоронро гуфт

Ӯ афзуд, олимонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.

“Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик, аз ҷумла ҳизби террористиву экстремистии наҳзат сар зад, олимону мутахассисони беҳтарини мо ба тарки Ватан маҷбур шуданд ва илова ба хисороти зиёде, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва халқи мо расонида шуд, илму маориф низ зиёни бузург дид”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон террористию экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташ мамнӯъ гардид. Аммо масъулини ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, иттиҳомоти мақомоти тоҷикро рад мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки имрӯз мардум бояд сабабҳои он ҷанги хонумонсӯзро донанду дар ин бобат набояд хомӯш бошем.

“Олимони мо бояд сабабу омилҳои онро таҳқиқ кунанд, то ки чунин хатоиҳо дар оянда такрор нашаванд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон нишонаи маргро гуфт

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар хитоб ба зиёиён гуфт, бетарафӣ худ нишонаи марг аст.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон барои санҷиши сартосарӣ ва таъсиси сохтори нав дар Дастгоҳи иҷроия

“Фаромӯш набояд кард, ки як сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ худро бетараф эълон кардани зиёиён буд. Бо ин сабаб дидед, ки халқи тоҷик чӣ сахтиҳоро аз сар гузаронид”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Ӯ таъкид намуд, ки воқеаҳои гузашта барои ҳар як шахси огоҳу солимфикр сабақи зиндагӣ ва мактаби худшиносиву худогоҳӣ мебошанд.

“Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, асолати давлатдории миллиро ҳифз намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувории давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем”, - изҳор дошт Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фарҷоми мулоқот таъкид намуд, ки вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи имрӯза ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад.

“Мо бо эътимоди комил ба қудрати созандаи зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат умедворем, ки онҳо ин камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор мешаванд ва бо дастовардҳои шоистаи худ Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд”, - афзуд раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0