Маҷлиси миллӣ розигӣ дод: масоҳати Душанбе 7,7 ҳазор га васеъ мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарори ҳукумати кишвар дар мавриди ба Душанбе гузаронидани 7, 7 ҳазор замини ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бар асоси ин қарор ҳамакнун пойтахти Тоҷикистон 7, 7 ҳазор гектар васеъ  шуд.

Гуфта мешавад, ба баланси пойтахт 277,03 гектор аз ҳисоби ҷамоати Чимтеппа, 1687,64 гектор аз Сарикиштӣ, Колхози Россия 1305,53 гектор ва аз ҷамоати Гулистон 919,12 га ба ҳудуди Душанбе дохил карда мешаванд.

Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди иловаи 7,6 ҳазор гектар ба Душанбе дар ҷаласаи оянда ва таъсиси ноҳияи нав

Ҳамчунин зимни ҷаласа қайд шуд, ки қисмате аз қаламрави ҷамоатҳои Чортеппа (497,36 га), Чоряккорон (477,26 га) ва 2 га замини ҷамоати Навобод низ дар пойтахт ҳамроҳ карда мешавад.

Муҳаммадсуф Имомзода, дар пайи тасдиқи қарори ҳукумат дар палатаи болоии парлумон гуфт, дар умум ба Душанбе 7 659,25 гектор замин ҳамроҳ шуд, ки масоҳати пойтахторо ба 20 ҳазору 318,25 гектор расонид. То ҳол масоҳати пойтахт ба 12 ҳазору 659 гектор баробар буд.

Қабалан Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, масъалаи илова кардани беш аз 7,6 ҳазор гектар заминро ба шаҳри Душанберо баррасӣ карда, барои тасдиқ ба палатаи болоии парлумон пешниҳод намуда буд.
Имомзода дар шарҳи ин тасмим гуфт, зарурати васеъшавии шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ алоқаманд мебошад.

Новая эстакада в 82-м микрорайоне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони дуввумин эстакада дар Душанбе анҷом ёфт

Пешниҳоди иловаи 7,6 ҳазор гектар дар ҳолест, ки қаблан Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт, гуфт, қисмати зиёди заминҳои нав ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд ва аз ин рӯ зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш омадааст.
Масъулин мегӯянд, дар 7659 гектаре, ки тоза ба ҳудуди пойтахт илова мешаванд, тамоми инфрасохтори шаҳрӣ муҳайё хоҳад шуд.

Бар асоси нақшаи генералии тасдиқгардида, ҳудуди пойтахт аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ  гардидааст. Афзоиши шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  то соли 2025 - 936 ҳазор нафар ва то соли 2040 - 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0